Тоҷикистон аз Ҷопон корафзорҳои пешрафтаи пулисӣ дарёфт мекунад

© Пресс-служба МИД Республики ТаджикистанЦеремония подписания Обменных нот правительства Японии и правительства Таджикистана
Церемония подписания Обменных нот правительства Японии и правительства Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар чорчӯби ёриҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон корафзорҳои пешрафта дарёфт хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ёддоштҳои табодулии дарёфти корафзорҳои пешрафтаи пулисиро дирӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва сафири Ҷопон дар ҶТ Хаҷиме Китаока имзо карданд.

Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аслов бо муовинони вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Туркманистон мулоқот кард

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин тарҳ дар чорчӯби ёриҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон аз рӯи Барномаи рушди иқтисод ва ҷомеъа амалӣ хоҳад шуд.

Аслов ва Китаоке ин ёддоштҳоро дар раванди дидори вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳайъате аз ВУХ Ҷопон ба раҳбарии Тошиҳиро Аики, намояндаи вижаи Токион дар кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо карданд.

Ҳайъати намояндагони Ҷопон барои ширкат дар ройзаниҳо миёни коршиносони аршади вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар ва ҷаласаи навбатии Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ба Душанбе омадаст.

Лентаи хабарҳо
0