Хурду бузурги деҳ маро мешиносанд: чигуна 2 аврупоӣ дар Бартанг беморхона сохтанд

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузариш ба медиабонкТурист фотографирует пейзажи
Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду сайёҳи хориҷӣ, яке аз Швейтсария ва дигаре аз Олмон баъди шиносоӣ бо ҳаёти сокинони деҳаи Басиди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон беморхонаи ин деҳаро таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудаанд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Сайёҳ аз Швейтсария Томас Копон дар суҳбат бо “Ховар” гуфтааст, ки бори аввал соли 2016 ба ин водӣ сафар кардааст.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар деҳаи Басиди водии Бартанг - Sputnik Тоҷикистон
Файзов беморхона, ҳаммом ва ҳоҷатхонаи бунёдкардаи гардишгарон дар Басидро кушод

“Он замон зуд бо сокинони маҳаллӣ шинос шуда, ҳатто дар чанд маъракаи хурсандии онҳо ширкат кардам. Ҳоло хурду калони деҳа маро мешиносанд. Инҳо мардуми хеле одӣ, самимӣ ва меҳрубону меҳмоннавоз мебошанд”, - гуфт Копон.

Ӯ афзуд, дар ҳамин ҷо бо сайёҳи дигар аз Олмон, Гизела Бондис шинос шуда, ҳарду ба ин қарор омадаанд, ки аз худ дар ин деҳаи дурафтода ёдгорие боқӣ бимонанд.

“Гизела таклиф кард, ки беморхонаи деҳаро таъмир кунем. Ман ҳам розӣ шудам”, - иттилоъ гардишгари швейтсариягӣ.

Манбаъ афзуд, таъмиру таъмини беморхона бо таҷҳизоти тиббӣ аз соли 2016 оғоз ёфта, аввали моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар Барсем нақб месозанд, дар Бартанг- пул

“Бнои беморхона комилан навсозӣ шуд ва дар корҳои сохтмонӣ аҳли деҳа довталабона ширкат намуданд. Барои таҷдиди бино ва таъмини беморхона зиёда аз 950 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Беморхона дорои чор кати хоб барои маризон, озмоишгоҳ, ошхона ва дорухона буда, таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби сайёҳон  харида шуданд. Аз ҷумла, дастгоҳи барқии муоинаи дил ва ташхиси ултрасадо аз Олмон интиқол ёфта, аз тарафи мутахассисон васлу насб гардиданд. Панҷ нафар табибони беморхона барои такмили касб ба давраи омӯзишӣ ҷалб карда шуданд”, - изҳор доштааст сардухтури ин беморхонаи минтақавӣ Мамадёр Қазоқов.

Ин дар ҳолест, ки масофа байни деҳаи Басиди водии Бартанг ва маркази ноҳияи Рӯшон 80 километр буда, дар фасли зимистон бар асари боронгариҳо сокинон наметавонистанд сари вақт беморони вазнинро ба маркази ноҳия интиқол диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0