Файзов беморхона, ҳаммом ва ҳоҷатхонаи бунёдкардаи гардишгарон дар Басидро кушод

© дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБЁдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар деҳаи Басиди водии Бартанг
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар деҳаи Басиди водии Бартанг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои ифтитоҳи бархе аз иншооти ҷашнӣ ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшон рафтааст

ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, сафари Файзов ба деҳаи Басиди водии Бартанг 31 август бо мақсади шиносоӣ бо сатҳи зиндагии мардум ва ба истифода додани як қатор иншооти ҷашнӣ сурат гирифт.

Председател ГБАО с зарубежным туристом - Sputnik Тоҷикистон
Миннатдории Файзов аз гардишгарони хориҷӣ барои кӯмак ба мардуми Бартанг

Манбаъ афзуд, ки дар ин деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшон нерӯгоҳи хурди барқии 200 квт, касалхонаи деҳот барои 10 кат бо таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳоҷатхона ва ҳамом сохта бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Котиботи мақомоти иҷроияи ВМКБ, таъкид кардааст, ки иншооти мазкур аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуданд.

Қаблан хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ гузориш дод, ки сармоягузорон дар солҳои 2016 ҳамчун сайёҳ бо роҳбарии Петер Бондес ба Тоҷикистон омада, бо шароити зиндагии дурдасттарин ҷамоати ноҳияи Рӯшон деҳаи Басид шиносоӣ пайдо намудаанд.

"Имсол аз ҷониби ин шахсони саховатманд сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии 200 квт, касалхонаи деҳот барои 10 кат бо таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳоҷатхона ва ҳамом сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуд, ки инчунин аз ҳисоби ин сайёҳон ҳар сол табибон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешавад ва ба мардум ҷамоати Бартанг хизмати тиббӣ мерасонад. Дар оянда ният доранд, ки мардуми деҳаи Басиди ҷамоати Бартангро бо оби ошомиданӣ таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0