Дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” сохта мешавад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМэр Душанбе Рустам Эмомали и президент Таджикистан Эмомали Рахмон
Мэр Душанбе Рустам Эмомали и президент Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” дар пойтахти кишвар оғози расмӣ бахшид ва бо лоиҳаи иншоот ошно гардид

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тавре манбаъ қайд намудааст, меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” аз ҷониби ҶДММ “Рушди Осиё” дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтар 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳром Ашӯрматов сохта мешавад.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПроект новой гостиницы в Душанбе GRAND RUDAKI TOWER
Дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори “Дипломат” сохта мешавад  - Sputnik Тоҷикистон
Проект новой гостиницы в Душанбе GRAND RUDAKI TOWER

“Соҳибкор Баҳром Ашӯрматов ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади мусоидат ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки меҳмонхонаи замонавии панҷситорадорро бо сифати баланд ва тарҳи муосир сохта, ба истифода диҳад”,- таъкид намудааст манбаъ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ҳамроҳ бо Рустам Эмомалӣ дар Душанбе литсейи нав ифтитоҳ кард

Манбаъ зикр намудааст, ки меҳмонхонаи 16-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ сохта хоҳад шуд.

Иншооти муосири хизматрасонӣ бо имкони қабули зиёда аз 150 нафар меҳмон дар як вақт сохта мешавад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи меҳмонхона ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аксар масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин иншоот аз истеҳсолоти худи ҷамъияти “Рушди Осиё” дастрас ва истифода хоҳад шуд, ки дорои сифати баланд мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0