ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Боз як муноқишаи дигар дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад маркази матбуоти Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон.
Бар хабари манбаъ, ҳодисаи мазкур бегоҳи дирӯз дар наздикии деҳаи Ворух ва Оқсойи Қирғизистон рух додаст.
Шаҳрвандони Қирғизистон дар соҳили дарёи Оқсой ба мошинҳо шағал бор кардаанд, вале чанде пас марзбонони Тоҷикистон дар соҳили тарафи дигари дарё таҷаммӯъ шуданд, гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Зимнан Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя мегӯяд, миёни сарҳадбонони тоҷик ва шаҳрвандони Қирғизистон низоъ бархостаст, ки дар натиҷа аз тарафи сарҳадбонони Тоҷикистон се маротиба ба ҳаво тир паронда шуд.
Қайд мегардад, ки дар натиҷаи кушодани тир ба ҳаво, ягон кас аз ҳар ду ҷониб осеб надиданд.
Садои тир: дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт?
Қобили зикр аст, ки сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил дода аз ин миён танҳо 504 километр делиматсия ва демаркатсия карда шудааст.
Хати номуайяни марзи ин ду кишвар, боиси сар задани низоъҳои пай дар ҳам дар нуқтаҳои аҳолинишини сарҳадӣ мешавад.