ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар пайи ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон тадобири иловагиро барои ҳифзи марз бо ин кишвар пиёда накардааст, хабар дод РИА Новости аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
“Нерӯҳои иловагӣ ба марз равона нашудаанд ва муҳофизати сарҳад дар реҷаи муқаррарӣ идома дорад”, - изҳор доштааст манбаъ.
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки феълан вазъ дар марз муътадил буда, ҳеч ниёзе барои равона кардани нерӯҳои иловагӣ нест.
Ахиран раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар робита ба вазъияти феълӣ дар кишвар, рухсатияшро қатъ карда, ҷаласаи Шӯрои бехатариро баргузор намуд.
"Жээнбеков изҳор дошт, ки Алмосбек Отамбоев бо нишон додани муқобилият алайҳи амалиёти тафтишотӣ, ки дар ҷаҳорчӯби қонунгузории кишвар сурат гирифта буд, дағалона Конститутсия ва қонунҳои Қирғизистонро поймол намуд", - хабар дод котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.
Зимнан Кремл хабар додааст, ки аз қазияи Отамбоев раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ бохабар аст.
Президенти Русия Владимир Путин дар бораи рӯйдодҳои ахири Қирғизистон хабардор аст ва аз маҳалли ҳодиса пайваста ҷадидтарин маълумотро дастрас мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти Кремл.
Бегоҳи 7- уми август дар бошишгоҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон дастаи таъиноти махсус амалиёти боздошти Отамбоевро пиёда намуданд, ки ба нокомӣ анҷомид.
Бар асари ҳамла ба манзили зисти Отамбоев, як низомӣ аз воҳидҳои махсус ҷон бохт ва ҳудуди 48 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.