ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар феҳрасти тимҳои роҳёфта ба даври нимниҳоӣ “Истиқлол”, “Ҳулбук”, “Хуҷанд” ва “Регар ТадАз”-ро ном бурд.
“Дар даври нимниҳоӣ дастаи “Истиқлол” бо “Ҳулбук”, “Хуҷанд” бо “Регар-ТадАЗ” вомехӯранд. Бозиҳои аввал 1 октябр, бозиҳои ҷавобӣ 2-3 ноябр баргузор мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ тавзеҳ дод, дар даври чорякфинал “Истиқлол” дар ду бозӣ бо ҳисоби умумии 8:1 бар тими “Эсхата” ғалаба кард.
Тими “Хуҷанд” бошад, ба дарвозаи тими “Хатлон” 3 голи беҷавоб задааст. Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА “Помир” бо ҳисоби умумии 3:2 анҷом ёфт. “Ҳулбук” бар дастаи “Дӯстӣ” бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.
Дар ҷамъбасти бозиҳои мазкури чорякниҳоӣ иштирокдорони сабқатҳо дар даври ниҳоӣ муайян гардиданд.