Шаҳрдорӣ: обро захира кунед дар баъзе кӯчаҳои Душанбе интиқоли он қатъ мегардад

© AP / Manish SwarupМужчина на высушенной плотине Manjara Dam в Индии, архивное фото
Мужчина на высушенной плотине Manjara Dam в Индии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар баъзе кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон то санаи 4 сентябр бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Аз 2 сентябри соли равон  бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионии силсиланеругоҳи барқӣ-обии Варзоб,  аз сарбанди рақами 2 то ҳавзи фишории НБО рақами 3 ба муддати як шабонарӯз қатъ карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.

Тибқи иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар ин бора  қарореро ҳам ба тасвиб расонидааст.

Раиси шаҳри Душанбе дар қарори худ ҶДММ “Баракат 2013” вазифадор намудааст, ки корҳои таъмирии канали обпартои НБО-3-ро мутобиқи талаботи қоидаҳои сохтмонӣ ба роҳ монад.

Сезонное отключение горячей воды - Sputnik Тоҷикистон
Захира кунед: интиқоли об дар 2 ноҳияи Душанбе қатъ мешавад

Тибқи санади мазкур дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе”, КВД “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ”, ҶДММ “Кохи Наврӯз” ва кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Сино ва хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  интиқоли оби нӯшокӣ  ба муддати як шабонарӯз, аз  соати 22:00 –и  3 сентябр  то соати 22:00- и 4  сентябри соли  равон  қатъ мегардад.

Раиси шаҳр ҳамчунин  раисони ноҳияҳои Исмоилӣ Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе”-ро муваззаф намудааст, ки  дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Рустами Эмомалӣ ба маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии пойтахти кишвар супориш додааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Ҳамзамон мақомоти шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш  намудааст, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро  барои як шабонарӯз захира намоянд.

Лентаи хабарҳо
0