ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, имрӯз сафири фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдарро, ки ба наздикӣ таъин гардидааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи тавсеаи муносибатҳои фархангӣ дар соҳаи илм, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумӣ сӯҳбат намудаанд.
Ҷаноби Имрон Ҳайдар иброз доштааст, ки онҳо ният доранд, дар ду соли навбатӣ барои муаррифии фарҳанги тоҷик барои мардуми Покистон ва муаррифии фарҳанги Покистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон чорабиниҳои гуногунро ташкил намоянд.
Аз ҷумла, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои осори санъат, хӯрок ва либоси миллӣ, намоиши филмҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ, ба роҳ мондани таҳқиқоти илмӣ барои омӯзиши шабоҳати фарҳангу санъати ду кишвар, ташкили конфронсу анҷуманҳои муштарак намунаи чунин чорабиниҳо мебошанд.
Шамсиддин Орумбекзода гуфтааст, ки алҳол тамоми имкониятҳо барои таҳкими робитаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ вуҷуд доранд.
"Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати мо сиёсати дарҳои кушод аст"- гуфтааст вазир.
Ӯ пешниҳод намудааст, ки минбаъд инчунин дар соҳаи илм, табодули таҷриба байни ҳунарпешаҳои соҳаи театр, нашри китобҳои муштарак, табъу нашр низ лоиҳаҳо пеш бурда шуда, ҷонибҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки дар ҳам дар Тоҷикистон ва дар Покистон сурат мегиранд, фаъолона иштирок намоянд.
Манбаъ афзуда, ки мулоқот дар фазои хуши дӯстона ба вуқуъ пайвастааст.