ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мақоми дабири кулли “CAFA” Каримови 31-сола ҷойгузини намояндаи Узбакистон, Санҷар Ризоев мешавад. Ризоев ба кор дар Конфедератсияи футболи Осиё гузаштааст.
Манбаъ афзуд, Улуғбек Каримов аз соли 2013-ум дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият дошт.
Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ роҳбари нави CAFA интихоб шуда буд. Инчунин дар анҷумани Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, муовини аввали роҳбари Федератсияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбоев ва дабири кулли Федератсияи футболи Туркманистон Арслон Ойназаров ба мақоми муовини роҳбари CAFA интихоб гардиданд.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки соли 2014 таъсис ёфтааст, федератсияҳои футболи шаш кишвар - Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад.
Дар пайи интихоби раёсати нав дафтари марказии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз Тошканд ба Душанбе кӯчид.