Нахустин шарҳи "Мисс Москва" пас аз ҷудошавӣ аз шоҳи пешини Малайзия

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкМисс Москва 2015 Оксана Воеводина, архивное фото
Мисс Москва 2015 Оксана Воеводина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Мисс Москва" ё зеботарин духтари Русия нахустин бор ҷудошавӣ аз ҳамсараш - собиқ шоҳи Малайзияро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Муҳаммади V 22 ноябри соли 2018 бо мудели русиягӣ Оксана Воеводина хонадор шуд. Ҳаёти якҷояи ин ду шахси машҳур камтар аз ду сол идома кард.

Ғолиби озмуни зебогии "Мисс Москва — 2015" Оксана Воеводина нахустин бор ҷудошавӣ аз ҳамсараш - шоҳи пешини Малайзия, Муҳаммади V - ро шарҳ дод.

Шарҳи зебосанам дар саҳифааш дар Instagram нашр шудааст.

Оксана гуфтааст, мехоҳад рози дилашро бигӯяд то каме сабуктар шавад. Вале воқеъияти ҳолро ифшо накардааст.

"Ман медонам ҳамагон мехоҳанд бидонанд, ки миёни мо чӣ гузашт. Вале ман пештар омода будам нақл кунам. Мумкин агар ман росташро гӯям худро сабуктар эҳсос мекунам... Вале ман намехоҳам касеро ба дард мувоҷеҳ кунам", - навиштааст Володина.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

...

Публикация от Rihana Oksana Petra (@rihanapetra)

Муҳаммади V 22 ноябри соли 2018 бо мудели русиягӣ Оксана Воеводина хонадор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0