Замингирӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ содаю осонтар мешавад

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳру навоҳии ВМКБ рӯзҳои наздик барои фаъолияти пурсамари муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” утоқҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз фаъол мешаванд, ки кори шаҳрвандонро зимни замингирӣ осон месозанд

ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Шаҳзод Раҳматуллозода, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар мавзӯи баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои интихобу додани қитъаи замин ва лоиҳакашӣ машварат баргузор намуд.

Доллар на земле - Sputnik Тоҷикистон
Ожонс: Худоёр Гулов дар қаллобию порагирӣ муттаҳам мешавад

Раҳматуллозода гуфт, ки ҳадафи асосии машварат самараноку оқилона истифода бурдани замин, такмили фаъолият дар соҳаи шаҳрсозӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина беҳтар кардани ҳамкории сохторҳои соҳавӣ мебошад.

“Бо мақсади ба танзим даровардани  хизматрасониҳо дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” таъсис дода шуд, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо барои фаъолияти пурсамари он утоқи корӣ ва таҷҳизоти техникӣ ҷудо мегардад”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли муовини раиси Кумита.

Манбаъ афзуд, қаблан сокинони шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани қитъаи замин ва бунёди манзил маҷбур мешуданд, ки ба идораву муассисаҳои гуногун муроҷиат намуда, танҳо баъди таҳияи ҳуҷҷату санадҳои зиёд ба муроҷиати худ посух гиранд. Ҳоло ҳамаи ин вазифаҳоро маркази мазкур ба уҳда дорад.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сокинони ВМКБ аз мушкили гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзили зист шикоят доранд.

Лентаи хабарҳо
0