Ожонс: Худоёр Гулов дар қаллобию порагирӣ муттаҳам мешавад

© PixabayДоллар на земле
Доллар на земле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасод парвандаи ҷиноӣ зидди Худоёр Гулов, мақомдори ноҳияи Хуросонро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз дастгир шудани Худоёр Гулов, мақомдори идораи заминсозӣ дар ноҳияи Хуросон хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Город Вахдат. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси зидди фасод раиси ҷамоати Чорсӯи шаҳри Ваҳдатро дастгир кардааст

Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, Гулов Худоёр Қурбоналиевич дар вазифаи сармутахассис, муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Садриддини Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кор карда, даст ба қаллобӣ задааст.

Манбаъ афзуд, ки Гулов дар мақоми ишғолкардааш, моҳи июни соли 2019 аз шаҳрванд “А” барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани 0,45 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои ноҳияи Хуросон 6000 сомонӣ талаб кардаааст.

“Гулов аз ин маблағи талабнамудааш санаи 13 июни соли 2019 маблағи 1000 сомонӣ гирифта,  боз овардани боқимонда 5000 сомонии дигарро талаб намуд”, - омадааст дар иттилоия.

Ожонси зидди фасод таъкид кард, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Гулов Худоёр баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дастгир гардид ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Ин ниҳод афзуд, ки алайҳи Гулов бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0