Маълум шуд, ки нахустин дидори Путин бо Зеленский кай ва дар куҷо баргузор мегардад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонк Президент РФ Владимир Путин
 Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Фаронса омодагиҳо барои дидор дар "чорчӯби Норманд" , ки дар он роҳбарони Русия Владимир Путин ва Укроин Владимир Зеленский иштирок хоҳанд кард, идома дорад.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Нахустин дидору мулоқот Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои укроиниаш Владимир Зеленский дар "чорчӯби  Норманд" дар Фаронса баргузор хоҳад шуд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи G7, зимни нишасти матбуотӣ Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса эълон намуд, ки дидор дар "чорчӯби  Норманд", ки дар он роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо иштирок хоҳанд кард, моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад.

“Мо дар санади ниҳоӣ (пас аз анҷоми кори ҷаласаи G7 ) қайд кардем, ки моҳи сентябри соли равон дидор дар "чорчӯби  Норманд", ки дар он роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо иштирок хоҳанд кард баргузор менамоем”, - таъкид дошт Макрон.

Дидор дар "чорчӯби  Норманд" – гурӯҳе мебошад, ки барои ҳалли вазъ дар шарқи Укроинбаргузор мегардад. Юа ин гурӯҳ чаҳор кишвар дохил мегардад Русия, Укроин, Олмон ва Фаронса.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати телефонии Путин ва Зеленский: тафсилоти гуфтугӯи президентҳо

Нахустин дидор дар "чорчӯби  Норманд", 6 июни соли 2014 дар Шато-де-Бенувил дар Нормандияи Фаронса баргузор шуда буд.

Дарозтарин дидор дар "чорчӯби  Норманд" 11-12 феврали соли 2015 дар Минск баргузор шудааст. Ин ҷаласа 17 соат идома ёфта буд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ба роҳбари Русия Владимир Путин пешниҳод намуда буд, ки дидор дар "чорчӯби  Норманд" анҷом диҳанд.

Барои мулоқот дар "чорчӯби  Норманд" Владимир Зеленский раисҷумҳри Амрико Доналд Трам, роҳбари Фаронса Эмманюэл Макрон, нахуствазири Олмон Ангела Меркел ва нахуствазири Бритониё тереза Мэйро даъват карда буд.

Лентаи хабарҳо
0