Дарси сулҳи Раҳмон: суҳбат аз ҷанг, туҳмату дурӯғбофӣ аз хориҷ ва сиёсисозии Ислом

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 сентябр дарси сулҳ гузаронда, аз дасисаю туҳматҳо ҳушдор дода, мардуми кишварро ба зиракии сиёсӣ даъват кард

ДУШАНБЕ, 1 сен— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар Душанбе гуфт, мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Пляж ва аквапарк: Эмомалӣ Раҳмон кӯли "Душанбе" - ро ифтитоҳ кард

Ӯ зикр кард, ки ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

“Онҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ виҷдону имон ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд ва мехостанд ба мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар кишвари тозаистиқлоли мо давлати исломӣ барпо намоянд”, - таъкид намудааст Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзудааст, “ин хиёнати таърихии онҳо боиси қурбон шудани беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон, ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакони бегуноҳ, ба гуреза табдил ёфтани бештар аз як миллион сокинони мамлакат ва хисороти азими моддиву молиявӣ гардид. Дар маҷмӯъ, ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт”.

Протестующие на площади Шахидон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, ҷонибдори бардоштани ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ нест ва шарҳ дод чаро

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мардуми Тоҷикистон изҳор доштааст, ки иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлат то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома дода истодаанд.

“Дасисаву тӯҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан, модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ, яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст, хусусияти зотӣ ва хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнатпеша мебошад”, - илова намудааст Раҳмон.

Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки халқи Тоҷикистон, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон
"Ин филм барои ҳукуматдорон аст" : намоиши “Боз меоям” дар Маскав

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, даҳсолаҳои охир баъзе доираҳои манфиатҷӯй исломро ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ истифода карда, боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон шуда истодаанд.

“Мо чунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро ҳамеша маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таассуби динӣ мубориза мебарем. Чунки хурофот садди роҳи пешрафт мебошад ва мо оқибатҳои ин раванди хатарнокро дар мисоли баъзе кишварҳои минтақа дида истодаем”, - изҳор дошт Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба ҳамватанон таъкид намуд, ки мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки хонаи мо, яъне Ватан ва давлати моро каси дигар обод намекунад.

“Дар ин раванд, мо бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, яъне дар ғафлат намонем, кишвар ва мардуми худро аз таъсири хатарҳои замони имрӯза эмин нигоҳ дорем, барои ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, инчунин, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллӣ ҳамеша омода бошем”, - таъкид намуд раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0