ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Хонаи милии Маскав намоиши нахустини филми "Боз меоям"-и коргардони тоҷик Орзумурод Шарипов баргузор шуд. Муаррифии ин филм дар яке аз толорҳои барҳавои Хонаи милли Маскав бо ҳузури беш аз 30 тамошобин ва ҳаводорони ҳунари коргардон Шарипов доир гардид.
Ҳарчанд намоиши филм бо каме таъхиркорӣ сурат гирифт, лек тамошобинон бесаброна тамошои филмро интизор буданд.
Қабл аз оғози намоиши филм муаллифи сенария Галина Родионова изҳор дошт, ки ба сабти сурудхонии кӯдакони водии Зарафшон ҳанӯз аз соли 2007 оғоз кардааст. Сенарияи ин филмро Галина бар асоси дидаву мушоҳидаҳои худ руйи қоғаз овардааст.
Созишномаи навбатии Тоҷикистону Чин баҳри рушди ҳамкорҳо дар соҳаи синамо имзо шуд
Орзумурод Шарипов коргардони филм гуфт, ки дар филми "Боз меоям" ба ҷузъ аз як ҳунарманди шинохтаи тоҷик Алловудини Абдулло дигар ҳама сокинони оддии деҳа нақшофарӣ намудаанд.
Таърихи филм
Сабти ин филм дар яке аз деҳаҳои водии Зарафшон сурат гирифтааст. Намоиши филм бо он оғоз гардид, ки дар як хонаи сарду торик сари дастурхон чанд нафар сокинони деҳа ҷамъ омада, аз пайомади боронгариҳои шадид сӯҳбат мекарданд. Боришоти беисти борон боиси фаромадани сел гардида, ягона купруке, ки деҳаро ба марказ васл менамуд, харобу корношоям кард. Акнун сокинони деҳ дар инзивоъ қарор гирифтанд.
Чун мардуми деҳ хуб медонистанд, ки аз мақомоти дахлдор нафаре ба суроғи онҳо намеояд ва ба мушкилашон расидагӣ намешавад, онҳо як нафар ҷавонро, ки ҳофизи боистеъдод буд, ба марказ фиристоданд, то ба гӯши мақомдорон мушкилоти мардумро бирасонад.
Талошҳои қаҳрамони филм барои пайдо кардани роҳи ҳалли қазия, қариб ки бенатиҷа анҷом ёфт. Ба кумаки вай як пирамарде ҳозир мешавад, ки ӯро бо подабоне шинос мекунад, ки рамаи раисро нигоҳубин мекунад. Танҳо баъди дар туйи раис сурудхонӣ кардани овозхон, мушкили ин деҳ ҳалли худро меёбад.
Қиссаи қаҳрамон
Худи Алиҷон қаҳрамони филм ба Sputnik Точикистон гуфт, ки нақш офаридан барои ӯ дар ин филм мушкил буд, зеро аз мактаби актёрӣ нагузаштааст. Алиҷон гуфт,ки ин филм махсус барои ҳукуматдорону мақомдорони Тоҷикистон ба навор гирифта шудаст, то мушкилоти мардумро нодида нагиранду сари вақт ба он расидагӣ кунанд.
“Мардуми оддӣ ва махсусан деҳотӣ бе ин ҳам аз мушкилоти мавҷуда хабардоранд, зеро сари ҳар қадам дучори ин ё он проблема мешаванд. Аудиторияи ин филм бояд ҳукуматдорон бошанд, зеро он маҳз барои онҳо сабт гардидааст. Имрӯз таваҷҷӯҳи ҳукумат нисбати музофот бисёр хароб аст, ва ман орзу дорам, ки ҳукумат дар баробари ҳалли норасоиҳо дар шаҳрҳо ба проблемаҳои музофот низ руй биоранд”,- гуфт Алиҷон.
Баҳои таҳлилгарон
Рӯзноманигор, доктори илмҳои ҷомеашиносӣ, устоди ДМОА ДДМ Ҳалима Хушқадамова, ки миёни тамошобинон қарор дошт изҳор намуд, ки ҳарчанд мавзуъи филм барои Тоҷикистон нав нест, вале бардоштан ва дар филм нишон додани он хеле саривақтӣ аст.
Хушқадамова аз забони филм каме интиқод намуда гуфт, ки қаҳрамонони филм сирф бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф заданд, ки ин аз як ҷиҳат филмро барои аксар тамошобинон камаҳамият мекунад. Хуб мешуд агар забони филм бо лаҳҷа сабт мешуд, зеро дар гуфтугуйи муқаррарӣ мо аз забони адабӣ истифода намебарем.
Нахустин намоиши филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи синамои Канн
Хайриддини Абдулло яке аз тамошобинони дигар, ки дар Маскав ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунад, мегӯяд аз филми мазкур бардошти хубе гирифтааст. Офарандагони филм тавонистанд ба пуррагӣ вазъияти деҳнишинонро дар мавсими сармо нишон диҳанд.
“Ғаму андӯҳи мардум торикиву сардиҳои деҳ бо тамоми нозукиҳояш дар филм намоиш дода шудааст. Ҳатто тарзи муносибати сокинони ду деҳот низ бисёр возеъ инъикос гардидааст. Бадбахтии мо тоҷикон дар он аст, ки вақте нафаре аз як деҳа ба деҳаи дигар меояд ӯ худро аллакай бегона ҳис мекунад, ки ин чиз бисёр боиси тааасуф аст”.
Хайриддин аз нақшофарии қаҳрамонҳо интиқод намуда гуфт, ки онҳо натавонистанд дар филм нақши хуберо бозӣ кунанд. Дар гуфтори онҳо сохтакорӣ бисёр мушоҳида мешуд.
Филми “Боз меоям” 38 дақиқа тӯл кашида, бо харҷи 5 миллион доллар сабт гардидааст. Коргардони он Орзумурод Шарипов бештар дар филмҳои худ масъалаи муҳоҷират, ҷанги шаҳрвандӣ ва масъалаҳои доғи рӯзро нишон медиҳад.