Мақоми намоёни ансамбли "Бадахшон" дар ҷашнвораи бонуфуз

© Министерство Культуры ТаджикистанаМузыкальный коллектив "Бадахшан" на международном фестивале "Восточные напевы" в Самарканде
Музыкальный коллектив Бадахшан на международном фестивале Восточные напевы в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 26 то 30 августи соли равон дар шаҳри Самарқанд XII-умин Ҷашнвораи "Таронаҳои шарқ" баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тоҷикистонро дар ин Ҷашнвора ансамбли "Бадахшон" бо роҳбарии  Соҳиба Давлатшоева муаррифӣ карданд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, шоми 28 августи соли 2019 ҳунармандони ин ансамбл дар назди ҳайати ҳакамон ва тамошобинон, ки аз мусиқишиносону санъаткорон ва дӯстдорони мусиқӣ аз 75 кишвари дунё иборат буданд, хеле зебо ҳунарнамоӣ карда, суруду таронаҳои дилнишини "Попурӣ", "Баҳор"-и оҳангсоз Муҳаммадато Таваллоев ва "Дило чунам"-ро манзур намудаанд.

Ансамбль Бадахшан в центре руководитель Сахиба Давлатшоева - Sputnik Тоҷикистон
Соҳиба Давлатшоева дар Узбакистон ҳунарнамоӣ мекунад

Манбаъ афзуда, ки навои дилнишини тоҷикӣ ва овози форами сарояндагони мо тамобошобинонро водор намуд, ки дар ҳавои мусиқии тоҷикӣ каф кӯбанд ва арғушт раванд. Баъди анҷоми ҳунарнамоии Ансамбли “Бадахшон” аҳли нишаст бо кафкӯбиҳои пурмавҷу нидоҳои “Браво” онҳоро чанд лаҳҳаи дигар дар саҳна нигоҳ доштанд.

Юлдуз Усмонова ва Шавкат Мирзиёев: ифтитоҳи Ҷашнвораи бузург дар Самарқанд - Видео

Ҳамин тавр ҳунармандони ансамбли "Бадахшон" дар ин ҷашнвора соҳиби дипломи дараҷаи сеюми Ҷашнвоари "Таронаҳои шарқ" шуданд, хабар медиҳад Оҷонсии милии Узбакистон.

Ҳамчунин мақоми сеюм насиби ансамбли "Айархан" - и Русия ва намояндагони Узбакистон - Азизҷон Абдуазимов ва Улуғбек Элмуродзода шудааст.

Ҷойи дуюмро дар ҷашнвора ансамб аз Туркманистон - "Арчабил" ва "Хатан" - и Муғулистон соҳиб шудаанд.

Певец Олег Газманов - Sputnik Тоҷикистон
Газманов консерташ дар Тоҷикистонро хатарноктарин хонд

 

Мақоми аввалро дуэти "Комузчилар" аз Қирғизистон ва Парвиз Гасимов аз Озарбойҷон соҳиб шудаанд.

Гран-прии ҷашнвора насиби донишҷӯи Консерваторияи давлатии Узбакистон Меҳрнигор Абдурашидова шудааст.

Ҷашнвораи "Таронаҳои шарқ" аз соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Узбакистон таъсис дода шудааст.

Ҳадаф аз таъсиси ин Ҷашнвора муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллат мебошад.

Ҷашнвораи мазкур дар ду сол як маротиба танҳо дар шаҳри Самарқанди Узбакистон доир шуда, он  дар саҳни мадрасаи Шердор аз  қисми шаб оғоз меёбад.

Дар фестивали мазкур меҳмонон аз 70 давлати дунё-намояндагони Осиё, Африқо ва Аврупо ширкат меварзанд. Имсол ҳунармандон аз 33 давлат, ба монанди Аргентина, Венгрия, Испания, Корея, Латвия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Сингапур, Чин ва Ҳиндустон санъати суннатии худро муаррифӣ менамоянд ва 29 мусиқии суннатӣ садо медиҳад

Инчунин дар доираи фестивал Конфронси байналмилалӣ  таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатӣ дар олам» гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барои иштирокчиёни ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,500 ҳазор доллар мукофот муқаррар гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0