Газманов консерташ дар Тоҷикистонро хатарноктарин хонд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкПевец Олег Газманов
Певец Олег Газманов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олег Газманов ба рӯзноманигорон дар бораи консерти хатарноктаринаш нақл кард

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Сарояндаи машҳури Руия Олег Газманов дар сабқати овозхонии "Новая волна" дар Сочи ба хабарнигори "Дни.ру" дар бораи сафарҳои ҳунариаш ба Тоҷикистон нақл кардааст.

Ӯ сафари ҳунариашро дар солҳои 90-ум ба Тоҷикистон аз хатарноктарин хондааст.

Концерт Иранского певца Andy - Sputnik Тоҷикистон
Кумири ду аср: Андӣ дар Маскав ҳунарнамоӣ кард

Овозхон ёдоварӣ кардааст, чӣ гуна пас аз консерти бузург, афсаре ба наздаш омаду гуфтааст, ки "ба ҷое мебарад, ки дар интизораш ҳастанд".

"Ман дарк кардам, ки ин мард асабӣ аст ва розӣ шудам, ҳатто дар даст гитор ҳам надоштам", - нақл мекунад Газманов.

Овозхонро тӯли се соат тариқи роҳҳои тунд ба ҷое бурдаанд.

"Маро дуздиданд", - меафзояд сароянда.

Ахиран мо ба маконе расидем, ки тирезаҳояш пурра пӯшида буд.

"Ба саволи ман ки саҳна куҷост, афсар маро ба кунҷи сурхе бурд. Он ҷо мардум бо кӯдакон қарор ҷамъшуда маро интизорӣ доштанд. Ахиран ман ҳамон ҷо ду соат суруд хондаму рақсидам", - нақл мекунад Газманов.

Пас аз чанд сол ҳамон афсар дар Маскав бо Олег Газманов дидор карда ба сароянда нишони ҷаcорат тақдим кардааст.

Аз он лаҳза Газманов консерташро аз хотир бароварда наметавонад.

Лентаи хабарҳо
0