Ҳукми Азизов, ки зани серфарзандашро кушту гуфт, ба муҳоҷират рафтааст - видео

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд Азиз Азизови 54-сола, маъюби гуруҳи якумро дар қатли ҳамсараш-Малоҳат Ҷумъаева, модари 9 фарзанд гунаҳкор дониста, ба 11 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Азизов дар заминаи муноқиша барои манзил модари 9 фарзанд, ки се нафарашон аз хонадории муштаракашон ба дунё омадаанд, бо асо кушта, ба атрофиён гуфтааст, ҳамсараш ба муҳоҷират рафтааст.

Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зани ҷавони рашкин дар Деваштич гардани шавҳарашро ҳангоми хоб бурид

Манбаъ афзуд, зимни таъини ҷазо додрас ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла иқрори гуноҳ ва дар тарбия доштани 6 фарзанди ноболиғро ба назар гирифта, Азизовро ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст.

Қаблан ВУД гузориш дода буд, ки ҳодиса дар шаҳраки навбунёди Сайҳуни вилояти Суғд рух дода, Азизов ҳамсараш - Ҷумъаева Малоҳат, соли таваллудаш 1976, сокини деҳаи Пастиғави ҷамоати Иван Тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳро бо асобағалаш зада куштааст.

Бар асоси иттилоия, ин ҷиноят шаби 11 ба 12 октябри соли 2018 рух дода, Азизов ҷасадро ба чоҳ партофта дар болояш ду мошин шағал рехтааст. Ба гузориши ВУД муттаҳам овоза паҳн намудааст, ки ҳамсарашро талоқ додаасту ӯ ба муҳоҷират рафтааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, баъди 8 моҳи бедарак шудани Ҷумъаева маълум гардид, ӯ аз дасти ҳамсараш кушта шудааст.

Худи Азизов дар шарҳи омилҳои даст ба ин ҷиноят задан изҳор доштааст, “мақсад тарсад гуфтам. Вақте ба сарам хест, бо асо задам, ғалтид”.

Лентаи хабарҳо
0