Зани ҷавони рашкин дар Деваштич гардани шавҳарашро ҳангоми хоб бурид

Обуна шудан
Дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи мудҳиши куштори шавҳар аз ҷониби ҳамсар дар ноҳияи Деваштич хабар медиҳад: зане дар пайи рашк ба гардани шавҳараш корд задааст.

Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зиндон ислоҳ накард: шахси маҳкумшуда дубора барои куштор дастгир шуд

ВУД менависад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Газантараки ноҳияи Деваштич ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, зан 11 июли соли 2019, тахминан соати 23:30-дақиқа, аз сабаби пайдо шудани рашк, бо шавҳараш марди 27-сола ҷангу ҷанҷол намудааст.

Сипас вақте ки мард хоб меравад, ӯ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, бо корди хочагии дар дасташ буда, гарданашро буридааст.

Дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. 

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти муттаҳам дар қатли ваҳшиёнаи Ҷамила Воҳидова дар ноҳияи Ёвон хабар дода буд.

Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса Умеда Ғаффурова, сокини 25-солаи ноҳияи Ёвонро дастгир кардаанд, ки дар куштори ваҳшиёнаи Ҷамила Воҳидова, сокини дигари ин ноҳия айбдор мешавад.

Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Келинам зани хуб буд: нақли хусуру хушдоман аз ҳодисаи куштори арӯсаке дар Истаравшан

Воҳидова Ҷамила Артеловна санаи 3-юми июли соли равон бо як бераҳмии махсус дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав, бо истифода аз корди ошхонагӣ ба ҳалокат расонида шуда буд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки муттаҳам Ғафурова Умеда, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ҷамоати Обшорон мебошад, ки аз рӯи хусумати шахсӣ даст ба куштор задааст.

ВУД илова кард, ки феълан алайҳи Ғафурова аз ҷониби додситонии ноҳияи Ёвон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0