Сипоси Қоҳир Расулзода ба Акбаралӣ Ғуломов барои ободкорӣ дар Кангурт

© Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акбаралӣ Ғуломов, роҳбари ширкати “Ғаюр”, писари собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, марҳум Асадулло Ғуломов дар ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик барои садҳо кӯдак боғчаи бачагонаро аз ҳисоби худ бозсозӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбаралӣ Ғуломов дар деҳоти Кангурт бинои боғчаи бачагона пурра азнавсозӣ гардид. Дар боғчаи мазкур 300 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд, таъкид шудааст дар иттилоия.

Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд корхонаи сементбарориро ифтитоҳ кард

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни сафараш ба Хатлон ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Акбаралӣ Ғуломов барои корҳои хайру бунёдкориаш изҳори сипос намуданд.

“Ин ҷавонмарди саховатпеша дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурии азизамон даҳҳо адад муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ ва хизматрасонӣ сохта мавриди истифода қарор дода истодааст”, - зикр шудааст дар иттилоияи ҳукумати вилояти Хатлон.

Соли гузашта бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Коллеҷи технологӣ ва дорусозӣ ифтитоҳ шуда буд, ки ба иттилои котиботи раисиҷумҳур бо харҷи 24 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ — директори корхонаи "Ғаюр-семент" Ғуломов Акбаралӣ бунёд гардид.

"Муассиса дорои як бинои таълимии панҷошёнаи иборат аз 60 синфхонаи таълимии бо ашёву таҷҳизоти зарурии хониш муҷаҳҳаз мебошад ва барои 1440 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст", — иттилоъ дода буд дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0