Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд корхонаи сементбарориро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аснои ифтитоҳи корхонаи сементбарорӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аснои ифтитоҳи корхонаи сементбарорӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло нархи як халтаи сементи 50-килограмӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 47-48 сомониро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бузургтарин корхонаи сементбарорӣ ба фаъолият оғоз кард, ки зарфияти  тавлиди 3300 тонна семент дар як шабонарӯзро дорад, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Корхона марбути ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент»  буда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоот президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.

Анҷоми 70 % корҳо дар бунёди корхонаи сементбарории Суғд

Ба иттилоъи манбаъ, бунёди ин корхона аз ҷониби ширкати "Ғаюрсемент"-и Тоҷикистон ва шарикони чинии "Хуаксин семент" соли 2014 оғоз ёфта буд ва дар масоҳати 48 гектар бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд шудааст.

Тибқи нақша, ин корхона дар як шабонарӯз иқтидори тавлиди 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна сементро дорад ва 1300 нафар дар он бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.

Сарчашма меафзояд, 90 дарсади коргарони ин корхона шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд ва маоши онҳо аз 2000 то 12000 сомониро ташкил медиҳад. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда ва дар назар аст корхона ҳамасола ба давлат беш аз 145 миллион сомонӣ андоз супорад.

Ин корхона филиали корхонаи муштараки Чин ва Тоҷикистон "Ҳуаксин Ғайр семент" мебошад ва ба Акбар Ғуломов, писари Асадулло Ғуломов, муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон тааллуқ дорад. Корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фаъол шуд.

Бояд гуфт, ширкати "Хуаксин Ғаюр Семент" аз ҷониби корхонаи муштараки тоҷикистонию чиноии "Ғаюр" ва ширкати "Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент" таъсис дода шудааст. Ширкати "Ғаюр" соли 2006 таъсис ёфта, масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунад. "Хуаксин Сентрал Эйша Инвестмент" ширкати сармоягузорӣ буда, сохтмони корхонаҳои калони истеҳсоли сементро маблағгузорӣ мекунад.  

Лентаи хабарҳо
0