ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Маркази обуҳашиносии Тоҷикистон дар аз 30 август то 2 сентябр дар ноҳияҳои алоҳида, шамол вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ тўфони чангу ғубор ба амал меояд.
Тавре манбаъ қайд намудааст пастшавии ҳарорати ҳаво рўзона дар ноҳияҳо то 6-8 дараҷа дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабру бебориш мешавад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво низ камабру бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Обу ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.