Тасмими президентҳо: собиқ корманди КДАМ Тоҷикистон мансабдори байналмилалӣ шуд

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Узбакистон иттилоъ дод, ки роҳбарии яке аз сохторҳои калидии Созмони ҳамкории Шанхай, мақараш дар Тошкандро намояндаи Тоҷикистон ба уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУХ Узбакистон, бо қарори Шӯрои роҳбарони кишварҳои узви СҲШ, Ҷумъахон Ғиёсов, намояндаи Тоҷикистон аз 1 январи соли равон роҳбари ташкилоти минтақавии зиддитеррористии СҲШ  мебошад.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қурби асъор: арзиши доллар каме боло ва рубл поин рафтааст

Ба иттилои манбаъ, солҳои 2017-2018 Ғиёсов ноиби мудири ташкилоти зиддитеррористии СҲШ буд.

Аз ин пештар Ҷумъахон Ғиёсов, ноиби раиси Кумитаи дини Тоҷикистон буда, инчунин  дар мақомҳои роҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ кор кардааст.

Ӯ дар мақоми мудири ташкилоти зиддитеррористии СҲШ намояндаи Русия, Евгений Сисоевро иваз кард.

Ташкилоти минтақавии зиддитеррористии СҲШ доимамлкунанда буда, қароргоҳаш дар Тошканд аст. Вазифаи асосии ташкилот мубориза бо терроризм дар ҳудуди кишварҳои узви СҲШ аст.

Лентаи хабарҳо
0