“Тойота” ва пулро гирифтанду бозпас надоданд

© Sputnik / Амир ИсаевАвторынок в Душанбе
Авторынок в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду нафар бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса муайян кардаанд, ки марди 59-сола, сокини ноҳияи Сино, 15-уми марти соли равон дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт ба боварии марди 49-сола, сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 1 “Тойота – камрӣ” бо арзиши 140 сомонӣ гирифтааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Қапқон”-и зиддифасод ё чи гуна дар шаст ҳамеша “моҳичаҳои хурд” дармеафтанд?

Ба гузориши ВУД, муттаҳам ба ҷабрдида ваъда додааст, ки дар муддати 1 моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол иҷро накардааст.

Манбаъ афзуд, ки нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ВУД илова намуд, ки ҳолати дигари қаллобӣ аз сӯи марди 28-сола, сокини ноҳияи Варзоб содир шудааст.

“Муттаҳам моҳи июли соли 2018 дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба боварии зани 62-солаи сокини кӯчаи мазкур даромада, аз ӯ 39 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад. Аммо то ҳол барнагардонидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Мақомот афзуд, ки нисбати айбдоршавандаи мазкур низ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои қаллобӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0