Сокини Шаҳринав дар муомилоти ғайриқонунӣ бо тангаҳои қадимии русӣ айбдор мешавад

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани марди 54-сола бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо тангаҳои қиматбаҳо хабар додааст

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳангоми кофтукоб аз сокини ноҳияи Шаҳринав 34-адад тангаҳои аз метали зард сохташуда мусодира шудааст.

Монитор багажного сканера (интроскоп) в зоне таможенного контроля  - Sputnik Тоҷикистон
Дар сарҳади Қазоқистону Чин шаҳрванди Тоҷикистон бо 57 000 доллар боздошт шуд

Манбаъ афзуд, аз тангаҳои ёфташуда 17 адад тангаҳои 5-рублаи русии давраи Николай-2 ва 17- адади боқимонда навъҳои дигари тангаҳои русӣ буданд.

“Зимни пурсиш номбурда нишондод дод, ки тангаҳои мазкурро аз марди 38-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ва марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо мақсади фурӯхтан дастрас намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми августи соли 2019 муайян кардааст, ки тангаҳои гирифташуда, ба металли қиматбаҳои тилло-900 мансуб буда, вазни умумиашон 218,07-грамм мебошанд.

ВУД бо такя ба хулосаи Вазорати молия арзиши умумии тангаҳоро 90 ҳазору 386 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон илова намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0