Дар сарҳади Қазоқистону Чин шаҳрванди Тоҷикистон бо 57 000 доллар боздошт шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМонитор багажного сканера (интроскоп) в зоне таможенного контроля
Монитор багажного сканера (интроскоп) в зоне таможенного контроля  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистонро кормандони гумрук аснои убур намудани сарҳади Қазоқистон ба Чин бо пули нақди бе таҳияи асноди лозима, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik.  Кормандони гумрук як шаҳрванди Тоҷикистонро дар марзи Қазоқистон ба Чин дар ҳоле боздошт намуданд, ки ӯ мехост ҳамроҳ бо худ наздики 57 000 доллар бидуни қайд интиқол диҳад, хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод ба маълумоти  намояндаи нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии "Алтинкол" Бекен Нураҳмадов.

Проверка багажа в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон
Дар фурудгоҳи Екатеринбург шаҳрванди Тоҷикистон бо 52 ҳазор доллар дастгир шуд

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон дар боғоҷи худ 1500 доллари амрикоӣ, 21489 500 тенге ва 3 500 соми қирғизӣ дошта мехост бидуни ба расмиятдарорӣ ин миқдор маблағро аз сарҳади Қазоқистон ба ватан интиқол диҳад.

Интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои ИДМ ба андозаи 27 дарсад коҳиш ёфтаст

Манбаъ меафзояд, феълан  шаҳрванди Тоҷикистон мутобиқи қисми 3 моддаи 551 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда,  ӯро ба миқдори 10 нишондиҳандаи ҳисобҳо ҷарима намуданд.

Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ мехост бе асноди лозима аз фурудгоҳи Екатеренбург, 52 ҳазор доллари амрикоӣ ба ватан интиқол диҳад.

Лентаи хабарҳо
0