ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ бо ширкати вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҷаласаи селекторӣ-хизматӣ баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа, натиҷаи фаъолияти хизматӣ ва риояи қонуният дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он дар 6 моҳи соли 2019 баррасӣ шудааст.
Ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, Раҳимзода аз кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он талаб кард, ки бо корафтодагон хушмуомила бошанд.
"Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он дар самти фаъолият камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, қонуният, интизоми хизматӣ, муомилаю муоширати хуб бо шаҳрвандонро қатъиян риоя намоянд", - талаб кардааст вазир.
Дар рафти ҷаласа сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн доир ба натиҷаи фаъолияти хизматӣ ва риояи қонуният дар Хадамоти мазкур ва ҷузъу томҳои он муфассал баромад намудаааст.
Шиноснома 5 сомонӣ бошаду ивазкунӣ – 1 рӯз: пешниҳоди вакили парлумони Тоҷикистон
Ӯ зикр кардааст, ки дар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ бо супориши вазири корҳои дохилӣ фаъолияти тамоми воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
Фармони вазир барои кори шабонарӯзии шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ
Манбаъ афзуда, ки Раҳимзода ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас додааст.