Ҳавои камабру бебориш: ҳарорати ҳаво дар Душанбе то 37 дараҷа мерасад

© Sputnik / Стас ЭтвешДевочка набирает холодную воду из фонтана
Девочка набирает холодную воду из фонтана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавоҳиносии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабру бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар  шаҳри Душанбе имрӯз ҳавои камабру бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 35+37  дараҷа гарм мешавад.

Сильный ветер в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 ва  рӯзона 15+20  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11  ва   рӯзона    23+28  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0