ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вакили мудофеъ Дагир Хасавов, ки аз хонаводаи Ҳувайдо пуштибонӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон дар мавриди ҷараёни мурофиаи судӣ ибрози назар намуд.
"Иғво аст": пулисе, ки хунукназариаш боиси куштори Ҳувайдо шуд, дар озодӣ монд
Ба гуфтаи Дагир, дар ҷараёни мурофиаи судӣ ҷониби ҳимоятгари Александр Сёмин рафтори ғайриоддӣ намуда истодаст. Ба ҳайси ҳимоятгари ӯ холаи худаш, Елена Самохина баромад мекунад.
"Дар мурофиаи судӣ, додрас ду маротиба ҷониби ҳимоятгари Сёминро маломат намуд, агар маротибаи дуюм боиси сарзаниши додрас қарор мегирифт, ӯро аз толори додгоҳ берун мекарданд. Гуноҳи Сёмин аллакай исбот шудааст ва ба он эътироз кардан ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин далели возеҳ, ҳимоятгари Сёмин ӯро бо истифода аз усулҳои ифлос муҳофизат кунад ва дар суд даъво кард, ки падари Ҳувайдо Абдусалом Саидов аслан падари ӯ нест. Вакили дифоъ ҳатто ин гуна изҳоротро иҷозат додааст, гӯё худи Саидов фарзанди худро таҷовуз кардааст", - изҳор намуд Ҳасавов.
Аммо, додрас тамоми изҳороти дифои Сёминро рад кард ва мақоми падари Ҳувайдоро дар ин раванд бетағйир боқӣ монд.
Вай қайд кард, ки ҳоло Сёмин ба чаҳор ҳодисаи ҷиноят ва як куштор муттаҳам дониста мешавад. Маълум аст, ки соли 2015 вай аллакай духтарони ноболиғро озор дода буд. Ҳамзамон, адвокат бар ин бовар аст, ки корманди полиси ноҳиявӣ, ки он вақт аризаи падару модарро қабул накард ва шахси ҷинояткорро маҳв нанамуд, бояд ба ҳайси шарики ҷинояткор пушти панҷара равад.
Вакили дифоъ ҳамчунин гуфт, ки феълан Сёмин дар беморхонаи рӯҳии Смоленск таҳти назорати пизишкон қарор дорад ва ин барои мурофиаи ӯ фоидаовар аст: "Ман бовар дорам, ки ин бозии хуби холааш аст ва шахсан ман ба девонагии ӯ шубҳа дорам. Ман маълумоти боэътимод дорам, ки вай солим аст, иштиҳои хуб дорад, пайваста ба сайру гашт меравад ва бар замми ҷиноятҳои содиркардааш, давлат боз ӯро ба табобат фаро гирифтааст".
Арвоҳашро дидам: модари Ҳувайдо дар бораи гумшавии ӯ ва кӯшиши сӯҳбат бо Сёмин (НАВОР)
Зимнан Хасавов зикр намуд, ки бо вуҷуди бозиҳои ифлоси холааш ба мо даст омад, то мурофиаи навбатиро рӯзи 29 август доир намоем ва бигзор додрас вазъи рӯҳии Сёминро дигарбора назорат кунад.
"Бигзор додрас баҳо диҳад, ки оё ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят солим буд ё не. Ҳоло гуноҳаш пурра исбот шудааст, аммо парвандаи Сёмин бинобар гӯё касалии рӯҳӣ доштанаш боздошта шудаст. Худи додрас ҳанӯз ҳам шубҳа дорад, ки айбдоршаванда дар вақти куштор дар ҳолати солимӣ қарор дошт ва ё на . Агар ман исбот кунам, ки Сёмин солим аст, ӯро ҷазои хубе дар пеш аст", - гуфт вакили мудофеъ.
Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозодаи 5 - сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд.