ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тавре сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” иттилоъ додааст, ташкилоту идораҳо, аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш дар назди шабакаҳои барқи ноҳия ба маблағи 42 миллион сомонӣ расидааст, ки омил боиси нигаронии масъулони шабакаҳои барқи ноҳия гардидааст.
Бино бар иттилои манбаъ, шабакаҳои барқи ноҳия зимни тасдиқи ин хабар эълон намуданд, ки аз ҳама қарзҳои бузург аз беморхонаи марказӣ, корхонаи камуналӣ, хонаинтернат, кумаки авалият тиббиву санитарӣ ва хоҷагии об мебошад.
Масъулини ин ниҳод иддао доранд,ки барқро корхонаву ташкилот, аҳолӣ ва хоҷагиҳои деқҳқонӣ бе мушкил истифода мебаранд, аммо маблағашро сари вақт пардохт намекунанд. Ба ҳамин хотир қарз ҳоло ба 42 миллион сомонӣ расидааст.
Дар нишасти матбуотии раиси ноҳия дар бораи қарздории ташкилоту идораҳо аз барқ ва ҳатто қарздор будани худи бинои ҳукумати ноҳия баҳсҳо низ шуда буд.
Раиси тозатаъйини ноҳия гуфта буд, ки дар кутоҳтарин муҳлат ин масъала ҳалли худро пайдо хоҳад кард, аммо ин қарз то кунун масъулони барқро нигарон кардааст.