Қарзи истифодаи барқ дар Суғд ба 450 милион сомонӣ расид

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкНа электроподстанции. Архивное фото
На электроподстанции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарзи истифодаи нерӯи барқ дар назди Шабакаҳои барқии Суғд, 450 милион сомонӣ гуфта шуд. Шабакаҳои барқии Суғд аз шаш шабакаи барқрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иборат мебошад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тӯра Атамов, сардори Шабакаҳои барқии Суғд, эълон намудааст, ки бино бар саривақт пардохт накардани пули барқ аз сӯи истифодабарандагон ва бо дарназардошти қарзи солҳои пешин, ҳоло қарзи истифодаи барқ дар умум дар вилояти Суғд ба 450 милион сомонӣ расидааст.

Добыча угля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи “Барқи Тоҷик” ширкатҳои истихроҷи маъданро дучори мушкил кард

“Аз он ҷумла қарзи истифодабарандагони соҳаи саноатӣ 26, 4 милион сомонӣ, ғайрисаноатӣ 43, 8 милион сомонӣ, соҳаи буҷҷавӣ 28, 1 милион сомонӣ, хоҷагии қишлоқ, 46 милион сомонӣ, хоҷагии об 124, 9 милион сомонӣ ва аҳолӣ 149, 2 милион сомонӣ мебошад”, гуфт Атамов.

Изҳороти "Барқи тоҷик": аз даъвои қарзи 1-миллиардии аҳолӣ то ҳукми шаръӣ -дуздӣ ҳаром аст

Сардори Шабакаҳои барқии Суғд, дар шарҳи қарздор будани аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ гуфт, баъзеи ин қарзҳо аз замони Шӯравӣ меорос монда ва ҳоло қарзҳои беэътимод ба ҳисоб мераванд.

Ӯ гуфт, баъзе оилаҳои камбизоат замоне пули истифодаи нерӯи барқро саривақт пардохт накардаанд.

Қарзи аҳолӣ дар назди ширкати “Барқи тоҷик” дар як сол ба 80,4 млн. сомонӣ зиёд шуд

Сардори Шабакаҳои барқии Суғд, дар ин радиф Корхонаи кӯҳию металургии шаҳраки Адрасмонро мисол овард, ки солҳо боз фаъолият намекунад, вале дар конҳои он ба таври доимӣ барқ истифода мешавад.

Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик": аз бори гарони қарзи 23 миллиардӣ то рӯъёи империяи "энергияи сабз"

“Мо пойгоҳҳои обкашии ин корхонаро ба таври доимӣ бо барқ таъмин мекунем, ки обҳои зеризаминиро аз дохили конҳо берун кашанд, вагарна кори инчунин шахтаҳо тамом мешавад. Аммо аз сабаби кор накардани корхона пардохти маблағи нерӯи барқ ба назар намерасад. Ба ин монанд мисолҳои зиёд аст, ки қарзи истифодаи нерӯи барқро зиёд мегардонанд”, гуфт Атамов.

Ба иттилоъи Шабакаҳои барқии Суғд, давоми шаш моҳи соли равон дар нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” 383, 7 миллион кВт соат энергияи барқ истеҳсол шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда ба андозаи 3, 7 мллион  Квт соат зиёд будааст.

Дар ин давра ба андозаи 2, 4 миллиард  кВт соат барқ истифода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0