ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар остонаи соли нави хониши 2019-2020 раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо 10 нафар ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 69 нафар ятимони кулл пӯшоки мактабӣ тақдим кардааст.
Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", шаҳрдори Ҳисор хонандагонро ба омӯзиши илму фан ва чун насли оқил, ватандӯст ва бунёдкор ба камол расидан даъват кардааст.
Зикр гардидааст, ки саховатмандию футувват, дастгирию хайрхоҳӣ, ки аз сиёсати оқилонаю инсондӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, беҳтарин амалҳои неки инсониянд.
Ёдрас мешавад, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи оғози соли таҳсил дар Тоҷикистонро эълом кард.
Қарори мазкурро Нуриддин Саид вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи 26 - уми август қабул намуд, ва новобаста аз он ки имсол рӯзи хониш ба рӯзи истироҳатии якшанбе рост меояд, муҳассилин ба мактаб мераванд.
Дар қарори Нуриддин Саид омадаст, ки бо дарназардошти он ки имсол 1 - уми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омад, аз ин рӯ шанбеи 7 - уми сентябр рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад.
Зимнан тибқи ҳамин фармоиш Нуриддин Саид ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, директорони мактабҳои президентӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастур дода шудааст, ки иштироки хонандагону донишҷӯёнро рӯзи 1-уми сентябри соли 2019 ба дарс таъмин намоянд.