ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Имрӯз, 18 октябр дар додгоҳи шаҳрии Серпухов маҷлиси додгоҳии парвандаи куштори духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода баргузор шуд.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо - Олга Устюжанина хабар дод, дар рафти мурофиаи додгоҳӣ байни падари Ҳувайдо Абдусалом Саидов ва муттаҳам Александр Сёмин ҷанҷоли лафзӣ сар зада, сипас ба ҷанҷол холаи муттаҳам Елена Сомохина ҳамроҳ шудааст. Ба гуфтаи вай, сабабгори асосии ҷанҷол Сёмин ва ҳимоягарони ӯ буданд.
"Сёмин нисбати волидони Ҳувайдо густохонаву масхараомезона муносибат мекард. Маълум буд, ки ҳатто аз муттаҳам буданаш ҳам хиҷолат намекашид. Холааш низ махсус ҷанҷолро хезонд", - афзуд Олга.
Додгоҳ баъди қироати қарораш дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳабси пешакӣ фикри Сёминро дар ин маврид пурсон шудааст.
"Ман худро бад ҳис мекунам ва ниёз ба табобат дорам. Дар ҳабс наметавонам монам", - посух додааст Сёмин.
Падари Ҳувайдо, аз шунидани ин суханони қотили эҳтимолии фарзандаш, гуфтааст: "Аҳволат бадтар мешавад".
Ба гуфтаи вакил, баъди он ки суд барои чанд лаҳза барои қабули қарор аз толор берун шудааст, ҷанҷоли лафзиро холаи Сёмин бо Абдусалом идома додааст.
"Зерҳимояи мо гунаҳкор нест. Ҷинояткор шумоед, таҷовузкор низ худатонед", - фарёд кашидааст зан.
Абдусалом низ ба иттиҳомоти Сомохина посух додааст.
"Шумо чигуна метавонед қотилро ҳимоя кунед? Оё фарзанд надоред. Барои ҳимояи қотил ва таҷовузкор шарм намекашед", - гуфтааст вай.
Дар натиҷа "шӯришгарон"-ро аз толор берун кардаанд.
Додгоҳи шаҳрии Серпухов қарор кардааст, ки муҳлати боздошти гумонбар дар қатли Ҳувайдо ба 2 моҳи дигар тамдид мешавад.
Рӯзи 23-уми октябр як мурофиаи додгоҳии дигар баргузор мешавад, ки дар он масъалаи санҷиши дубораи ҳолати равонии муттаҳам дида баромада мешавад.