Чор медали варзишгарони тоҷик дар сабқат ба хотири мураббии шинохтаи Узбакистон

© сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонПирӯзии Кристина Пронженко, варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқа ба хотири Г. Орзуманов
Пирӯзии Кристина Пронженко, варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқа ба хотири  Г. Орзуманов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз пирӯзии варзишгарони кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ барои поси хотири мураббии хизматнишондодаи Узбакистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллӣ, варзишгарони тоҷик дар 2-юмин мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи варзиши сабук ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Узбекистон Г. Орзуманов 4 медал ба даст оварданд.

Девушки во время тренировки в Парке искусств Музеон в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи миллии дав дар Тоҷикистон бо ширкати беш аз 420 ҳазор даванда гузашт

“Мусобиқа 24-25 август дар шаҳри Тошканд доир гашт. Дар қувваозмоиҳо дар баробари дастаҳои минтақаҳои Узбекистон, варзишгарон аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Малайзия ва Тоҷикистон иштирок карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат намуда, ба гирифтани 4 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ  даст ёфт.

Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 1:00.07 дақиқа, Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр - 1:53.68 дақиқа медали тилло ба даст оварданд. Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 59.79 метр сазовори  медали нуқра, Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 2.05 метр сазовори медали биринҷӣ гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0