Рӯзи миллии дав дар Тоҷикистон бо ширкати беш аз 420 ҳазор даванда гузашт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкДевушки во время тренировки в Парке искусств "Музеон" в Москве. Архивное фото
Девушки во время тренировки в Парке искусств Музеон в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дирӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Рӯзи миллии дав баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарии кишвар, дар ин дав 426 ҳазору 931 нафар шаҳрванди дорои касбу кори гуногун, аз он ҷумла 132 ҳазору 215 зан, ширкат карданд.

Рӯзи миллии дав дар Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳам сол дар севумин якшанбеи моҳи май дар саросари кишвар баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории он таблиғи зиндагии солим, рушду тавсеъаи варзиш ва ҳамагонӣ кардани он эълом шудааст.

Имсол 10-умин сол аст, ки Рӯзи миллии дав дар кишвар бо ширкати густардаи мадум баргузор мегардад. Ин иқдом заминаи мусоидеро баҳри нигоҳдоштани тарзи солими зиндагӣ фароҳам мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 20-уми май дӯстдорони варзиши дучархасаворӣ  дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе мусобиқа баргузор карданд.

Дучархасаворон дар фосилаи миёни майдони Дӯстӣ — аз назди муҷассамаи Исмоил Сомонӣ то дидбонгоҳи БДА дар Чорбоғ бо якдигар ба рақобат пардохтанд.

Дар поён баргузоркунандагон аз пирӯзшудагон дар ин мусобиқа бо эҳдои диплому сипоснома, дучархаву ва дигар ҳадяҳо қадрдонӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0