То оғози соли хониш дар Суғд сохтмони мактаб бо дастгирии Узбакистон анҷом хоҳад ёфт

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкРабочие во время строительства, архивное фото
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То оғози солҳои хониши 2019 – 2020 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ду бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳаи навбунёди Андарсойи деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳия бо дастгирии Узбакистон бунёд шуда истодааст, иттилоъ додааст рӯзномаи Ҷумҳурият.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич боғчаи кӯдакон ифтитоҳ кард - Sputnik Тоҷикистон
Аз мактаб то кӯдакистон: Раҳмон дар Яхтан иншооти соҳаи маорифу тандурустиро ифтитоҳ кард

Дар ин иншоот 95 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, рангубор, сафолакпӯшии назди муассиса ва сабзкорӣ боқӣ мондааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки сохтмони муассиса таҳсилоти миёна моҳи августи соли гузашта дар масоҳати 2 гектар оғоз шуда буд. 

Ниёз Ашӯров, корфармои иншоот, зикр намудааст, ки муассиса аз 28 синфхона иборат буда, барои 1260 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар корҳои сохтмонӣ 97 кас ба кор ҷалб гардиданд, ки аз он 28 нафарашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Мактаб бо системаи гармидиҳӣ пайваст мебошад, ҳамзамон, барои таъмини об чоҳи амудӣ канда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Дилрабо Раҳимӣ, муовини раиси ноҳия, иброз доштааст, ки сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 бошад, аз ҳисоби буҷети вилоят моҳи майи соли 2018 оғоз ёфта, аз се ошёна, 16 синфхона, озмоишгоҳу утоқҳои фаннӣ, ошхона ва толори варзишӣ иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Феълан 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст.

Лентаи хабарҳо
0