Душанбе аз Иди каду таҷлил кард

Обуна шудан
Дар намоиш- фурӯши каду кишоварзон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои тобеи марказ навъҳои гуногуни каду, таомҳои аз каду омодашуда ва дигар хӯрокҳои миллиро ба меҳмонон ва сокинони пойтахт пешниҳод намуданд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Маҷмааи савдои "Меҳргон"-и пойтахт имрӯз бо ибтикори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди каду баргузор гардид, хабар медиҳад агентии давлатии "Ховар".

Участница Зомби-парада на Хэллоуине. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иди каду фаро расид: амри раисиҷумҳур барои таҷлили ҷудогонаи иди маҳсулот

Бар хабари манбаъ, дар ин намоиш- фурӯш кишоварзоне, ки дар ноҳияҳои худ ғолиби озмуни "Беҳтарин кадупарвар" гардида, соҳиби роҳхат ба  Иди каду гардида буданд, иштирок намуданд.

Дар намоиш-фурӯши навъҳои беҳтарини каду намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Намоишгоҳи мазкурро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар мамлакат дар соли равон зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шудааст, ки яке аз онҳо Иди каду мебошад.

Милисаҳо дар Иди Қурбон гӯштро ройгон ва тарбузро 40 фоиз арзонтар гирифтанд

Ба таъкиди М. Пайшанбезода, баргузории намоиш-фурӯши каду ҳавасманди марди деҳқонро зиёд намуда, роҳу усули боз ҳам беҳтар парвариш кардани каду дар мамлакат мебошад. Инчунин баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Фестиваль еды в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ ҷашн дар 1 рӯз дар Хуҷанд: Раҳмон ба ошхуру палавхури беҳтарин пул дод

Дар намоиш- фурӯши каду кишоварзон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои тобеи марказ навъҳои гуногуни каду, таомҳои аз каду омодашуда ва дигар хӯрокҳои миллиро ба меҳмонон ва сокинони пойтахт пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки маҳсулоти кадугӣ дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбат ба бозор 50 фоиз арзон манзури сокинону меҳмонон  карда шудаанд.

Инчунин дар як гӯшаи майдон санъаткорони тоҷик макони баргузории намоишгоҳро ба идгоҳи воқеӣ табдил додаанд.

Дар ҷамъбасти Иди каду ғолибон аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0