Панҷ ҷашн дар 1 рӯз дар Хуҷанд: Раҳмон ба ошхуру палавхури беҳтарин пул дод

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевФестиваль еды в Душанбе
Фестиваль еды в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои "Иди харбуза", "Иди кадуи хонапуркун", "Иди ангур", "Иди асал", ҷашнвораи "Оши палав" ва даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам" иштирок кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар чорабиниҳои идона бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон намояндагон аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои дахлдор иштирок карданд.

Участница Зомби-парада на Хэллоуине. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иди каду фаро расид: амри раисиҷумҳур барои таҷлили ҷудогонаи иди маҳсулот

Дар "Иди асал" занбурпарварони 15 шаҳру ноҳия номгӯи гуногуни асал, ҳамчунин шири модазанбур, гарди гул, мум ва ғайраро ба тамошо гузоштанд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар вилояти Суғд 68 ҳазору 950 оилаи занбури асал мавҷуд мебошад ва соли гузашта аз ҷониби занбурпарварон ба миқдори 211 тонна асал истеҳсол карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли асал дар нимсолаи аввали соли равон бошад дар вилоят 289 тоннаро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 78 тонна зиёд мебошад.

Дар гӯшаи чорабиниҳои "Иди харбуза", "Иди кадуи хонапуркун" ва "Иди ангур" хоҷагидорони 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар растаҳои алоҳида маҳсули меҳнати хешро ба намоиш гузоштанд.

Дар мавриди ҷашнвораи "Оши палав", котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки дар 18 дег, аз ҷумла дар ду дег бо ғунҷоиши беш аз як тоннаӣ палав омода намуданд.

Манбаъ афзуд, ки дар доираи баргузории идҳои миллӣ ҳамчунин маҳфилу озмунҳои "Ороиши хаймаи беҳтарин", "Оши палави беҳтарин", "Дастони моҳир", "Ошхури беҳтарин" ва "Харбузахури беҳтарин" доир карда шуд. Иштирокчиёни озмуну мусобиқаҳои зикргардида баҳогузорӣ шуданд ва ғолибон аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0