Ифтитоҳи зеристгоҳи “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд

© Sputnik / Сергей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар кӯчаи Раҷабови шаҳри Хуҷанд, зеристгоҳи барқии “Темурмалик”-ро мавриди истифода қарор дод

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зеристгоҳи мазкур дар масоҳати умумии 2600 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Эмомали Рахмон прилетел в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ифтитоҳ кард

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқии 110 ва 10 киловолти “Темурмалик” дорои ду адад трансфарматори иқтидорашон 25000 киловолт - ампер мебошад.

“Таҷҳизоти барқии муосири 10 - 110 киловолт дар иншооти мазкур ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Россия, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид намуд, ки бунёду ба истифода додани чунин иншоот аз тадбирҳои афзалиятноки ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи энергетикаи мамлакат буда, барои кам намудани талафоти нерӯи барқ ва таъмини қувваи барқи мунтазам ба аҳолӣ мебошад.

Манбаъ зикр намудаст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба анҷом расонида шудааст.

Дар иншооти мазкур 10 нафар кормандони муҳандисию техникӣ ва 60 корманди соҳаҳои мухталиф ба кор ҷалб гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0