ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Соли оянда аз 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат раисҷумҳури Русия ба президенти Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими солгарди ғалаба бар фашизм даъватнома ирсол намудаст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз дастгоҳи раисҷумҳури Русия хабар дод.
Гурӯҳи меҳмонон аз Қазоқистон ҷашни Рӯзи Ғалабаро дар вилояти Суғд таҷлил карданд
Ба иттилои манбаъ, Владимир Путин сарони ҳамаи давлатҳои ИДМ ва ҳамчунин Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро низ даъват намудаст.
Қаблан хабар дода шуд, ки ба муносибати ҷашни 75- умин солгади Ғалаба, раисҷумҳури Русия ҳамтоёни худро аз Фаронса, Чин, Амрико, Ҳиндустон ва Покистон низ даъват кард.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2015 дар чорабинии идона бахшида ба рӯзи Ғалаба роҳбарони 23 давлати ҷаҳон ва ҳамчунин намояндагони СММ ва ЮНЕСКО низ ташриф оварда буданд.
Чархболу ҳавопаймоҳои Русия 9-май "напариданд"
Ёдовар мешавем, ки соли оянда ҷашни васеи 75- умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор хоҳад шуд.