Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар аввал омодагии ҷузъу томҳо барои гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо гузориш дод.
Сипас баъд аз садо додани суруди миллӣ роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, рӯзи ғалабаро ба ҳамаи собиқадорони ҷанг ва ба мардуми кишвар самимона табрик гуфт.
Баъди анҷоми суханронии раисҷумҳур барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи ҷовидон сурат гирифта, ба хотири қурбониёни ҷанг дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.
Нахуст Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос дошт.
Ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе ва хизматчиёни низомии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.
Сипас маросими тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар “Боғи ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.