Раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҳодӣ Сулаймонпурро ба ҳузур пазируфт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба вилояти Суғд Ҳодӣ Сулаймонпур, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба вилояти Суғд Ҳодӣ Сулаймонпур, дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳодӣ Сулаймонпур 21 август дар шаҳри Гулистон баргузор шуд.

“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, - омадааст дар иттилоия.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, ҳамлу нақли транзитию нақлиётӣ, ҳамчунин таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, изҳори қаноатмандӣ кардаст. Ӯ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва туризм бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ манфиатдор аст.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди туризми минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.

Лентаи хабарҳо
0