Идомаи сафари корӣ: ба истиқболи Раҳмон 2,5 ҳазор сокинон ноҳияи Зафаробод баромаданд

Обуна шудан
Субҳи имрӯз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд идома ёфт

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти дорои аҳамияти гуногун ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд рафт.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Президенти кишварро дар варзишгоҳи марказии ноҳия сокинони касбу кори гуногун, ҷавонон, дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 нафар гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зиёиёни вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон
Таърифи Раҳмон аз зиёиён ва миннатдории Фарзона, Озарахш, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз-акс

Тавре манбаъ хабар додааст, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон аз нашъунамои пахта дар Хоҷагии деҳқонии “Камола” ва намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳия дидан намуд.

Хоҷагии деҳконии “Камола” соли 2014 таъсис ёфта, то ба имрӯз ба парвариш ва кишти зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахта машғул мебошад.

Бо сафари Раҳмон Мастчоҳ чӣ гуна шуд - гузориши аксӣ

Бояд ёдовар шуд, ки дар Хоҷагии деҳконии “Камола” пахтаи навъи “Хуҷанд-67” парвариш карда мешавад ва саҳмдорон ҳамасола ҳосилнокии хуб ба даст меоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия дар нимсолаи аввал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 30 ҳазору 639 гектар кишт гузарониданд, ки аз он 5 ҳазору 767 гектар ғаллагиҳо, 14 ҳазору 354 гектар пахта, 1046 гектар дигар зироати равғандеҳ, 235 гектар картошка, 567 гектар сабзавот, 1223 гектар полезӣ ва дар майдони 7 ҳазору 443 гектар хӯроки чорво мебошанд.

Эмомали Рахмон открыл дорогу и детский сад в районе Деваштич - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Деваштич рафт: раисҷумҳур қитъаи роҳи Душанбе - Чаноқро ифтитоҳ кард

Ҳамчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар ин давра майдони 163 гектар заминҳои боир ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 121 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 417 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар ин самт 108,4 фоизро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироат аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва афзоиш додани номгӯи маҳсулоти содиротӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Лентаи хабарҳо
0