Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 21 август дар шаҳри Гулистон дар маросими оғози мусобиқаи футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, мусобиқаро тимҳои наврасони “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ карда, байни ҳам қувва озмуданд.
“Ҳисобро дар дақиқаҳои аввали бозӣ варзишгари бомаҳорат Анушервони Рустам кушод. Анушервон бо як маҳорати хос бо зарбаи нишонрас аз майдончаи ҷаримавӣ тубро вориди дарвозаи ҳарифон кард”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, бозии дастаҳои “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд ва “Ёвар”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 6 бар 1 бо ғалабаи дастаи “Спартак” анҷом ёфт. Ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, 5 туб дар ин бозӣ бо зарбаҳои қавию нишонрас аз тарафи бозингари бомаҳорат Анушервони Рустам ба дарвозаи ҳарифон ворид гардид.
Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми бозӣ барои ҳавасманд кардани футболбозони наврас, ба ҳамаи онҳо дучархаҳои замонавӣ ва тубҳои чармӣ тақдим кардаст.
Котиботи раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар мусобиқаи навбатии футбол байни дастаҳои наврасони вилояти Суғд, ки аз 24 то 26 августи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор мегардад, дастаҳои “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд, “Ёвар” ва “Амирӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Суғдиён” ва “Дӯстӣ”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувва меозмоянд.