Ҷанҷолу кордкашии ҷавонони 21-сола: яке маҳбасию дигаре дар беморхона бистарист

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷанҷоли ду ҷавони 21-сола хабар дод, ки бо кордкашӣ анҷомидааст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, кордкашӣ, ки бо бистарӣ шудани як ҷавони 21-сола дар беморхона ва маҳбасӣ шудани ҳамсоли дигараш шуд, шаби 19-уми август рух додааст.

Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Истаравшан падари 33 - сола писари ноболиғи худро 10 корд зад

Бар асоси хабари ин ниҳод, маъмурини милиса марди 21-сола, сокини маҳаллаи Шарифободи ноҳия Шаҳринавро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.

“Номбурда, рӯзи 19-уми августи соли 2019, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар сари пули ноҳияи Шаҳринав бо марди 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3-маротиба ба қафаси синнааш задааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст ва феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақмоти умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт шудани сокини 33 - солаи шаҳри Истаравшан хабар доданд, ки дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба фарзанди ноболиғаш гумонбар дониста мешавад

Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 12- уми августи соли равон, тахминан соати 23:00 дар шаҳри Истаравшан рух додааст. Манбаъ меафзояд, падари хонавода, марди 33 - сола пас аз муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 35 - солаи худ даст ба чунин амали зишт  задааст.

Лентаи хабарҳо
0