ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 12- уми августи соли равон, тахминан соати 23:00 дар шаҳри Истаравшан рух додааст.
Манбаъ меафзояд, падари хонавода, марди 33 - сола пас аз муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари 35 - солаи худ даст ба чунин амали зишт задааст.
Гуфта мешавад, номбурда пас аз ҷангу ҷанҷон намудан бо ҳамсари худ, нимашаб ду фарзанди худро, ки яке писарбаччаи 8 - сола ва дигаре духтарчаи 6 - сола мебошад, аз хона бо худ гирифта, ба самти деҳаи Зарнисор меравад.
Ба тавзеҳи ВУД, дар роҳ ӯ аз мағозаи деҳаи Гули - сурх як адад корд харидорӣ намуда, писарашро бо корд 10 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Куштор дар масҷид: нафақахӯри 82- сола ҳамдеҳаашро корд зада кушт
Дар натиҷа ноболиғи 8 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
ВУД мегӯяд, феълан аз руйи ҳодисаи рухдода тафтишот идома дорад.