ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Лоиқ Шералӣ, яке аз шоирони муосирест, ки ифихори адабиёти тоҷик аст. Ӯро маҳбубтарин шоир ва фарзанди миллат меноманд.
Лоиқ агар умр вафо мекард, 20 майи соли равон 78-сола мешуд. Sputnik Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи шоир мусоҳибаи ихтисосиеро бо ҳамсари Лоиқ Зебуниссо Қутбиддинова мунташир мекунад.
Қутбиддинова дар идомаи мусоҳиба бо рӯзноманигор Шервони Умриддин аз зиндагие гуфтааст, ки Лоиқ Шералӣ аз дил ва аз сар гузаронида буд. Аз нашри китобаш мисли кӯдак хурсанд мешуду худро шоири ошиқ мегуфт. Замони ҷанги бародаркуш ашки шашқатор мерехту ба ваҳдат даъват мекард.
Лоиқ орзуҳои зиёд дошт, ки мутаассифона бархе аз онҳо ҷомаи амал напӯшиданд. Яке аз онҳо бо даст гирифтани нусхае аз "Куллиёт"-аш буд. Наздикони шоир баъди маргаш тамоми ашъорашро ҷамъоварӣ ва мунташир карданд. Аммо феълан дар ҷустуҷӯи мисраҳои парешони Лоиқанд, ки дар гӯшае мондаанд, чоп нашудаанд...
- Лоиқи бузургвор ҳангоми нашри китоби навашон чӣ эҳсосе доштанд?
- Хело хурсанд мешуданд. Онро мисли гули хушбӯе ба даст мегирифтанду бӯй мекарданд ва мегуфтанд, ки хушбӯйтарин накҳат аст - бӯйи ҷаннат мекунад.
Рӯзе ки китобашон нашр мешуд, мо зуд дегро гузошта, аз пайи пухтани палав мешудему Лоиқ ҷӯраҳояшонро ҷамъ карда, ба хона меомаданд. Пас аз зиёфат, ба ҳар яке китоб тақдим мекарданд. Умуман, шоир тақсим кардани китобҳояшонро бисёр нағз медиданд. Ҳатто мо имрӯз дар бойгониашон баъзе китобҳояшонро ёфта наметавонем. Баъзан ба хона донишҷӯёне меомаданд, ки на ман мешинохтаму на худашон. Онҳо устодҷонгӯён аз дар медаромаданду Лоиқ тамом мешуд, ҳатман аз хона ягон тӯҳфае пайдо карда, медод. Дар маъракаҳо ба Лоиқ ҷомаву тоқӣ медоданд, ӯ онро то ба касе тӯҳфа накунад, хотираш ҷамъ намешуд.
- Дӯстони беҳтарини устод Лоиқ киҳо буданд?
- Лоиқ инсони аҳл буданд ва дӯстини бисёре доштанд. Ҳоло шояд ман ҳамаи онҳоро номбар карда натавонам. Лекин масалан устод Сорбон, Абдунабӣ Сатторзода аз дӯстони даври кӯдакиашон буданд. Як дӯсти дигар доштанд, ки аз аҳли қалам набуд - марди ронандае буду Раҳим ном дошт, ин мард дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекард ва Лоиқ бо ӯ низ пайвандии наздике доштанд. Лоиқ ҳамсояҳояҳояшро бисёр нағз медид. Шавҳари Ҳадиса Қурбонова - Маъруф бисёр дӯсти наздикашон буд. Маъруфҷон бисёр ошҳои бомазза мепухт ва ҳамин, ки ош пухт, албатта як табоқ гирифта хонаи мо меовард.
Баъзеи дигарро ӯ фарзандам мегуфт. Яке аз онҳо Акбар Абдулло, дигараш Афзалшоҳ Шодиев ва Муродбек Насриддинов буданд. Бо устод Ҷӯрабек Муродов як дӯстии тамоман аҷоиб доштанд. Муродов бисёр хона мемомаданду бо Лоиқ сӯҳбатҳои зиёде мекарданд. Маҳмудҷон Воҳидов рафиқи бисёр наздикашон буданд. Боре худораҳматӣ Маҳмудҷон Воҳидов ҳазломез гуфт, ки "Лоиқ, агар ту ҷавон мурдӣ, ман дар рӯзи видоат шеъри "Ман намемирам, Ман нахоҳам мурд” -атро чунон мехонам, ки ҳама гиря мекунанд". Аммо чанде гузашту Маҳмудҷон Воҳидов даргузашт ва анаҳамин шеърро дар рӯзи видоаш бо овози худаш монданд, дар ҳақиқат ҳама гирия карданд.
- Ишқ дар эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ мавқеи муҳим дошт ва ҳатто такрор ба такрор худро Лоиқи ошиқ номидаанд. Аз он ишқҳое, ки устод дар шеърҳояшон мегуфтанд, рашки шумо намеомад?
- Одам дар зиндагӣ бе рашк наметавонад. Албатта буданд баъзе лаҳзаҳо. Вале чизи дигараш ҳам ҳаст. Имрӯз ман омӯзгор ҳастаму он шеърҳоро дарс медиҳам ва худам ҳам ба онҳо аз нигоҳи дигар менигарам. Лоиқ шоири ошиқ буд. Пеш аз ҳама ошиқи зиндагӣ буд. Ӯ сахт зиндагиро дӯст медошт. Барои ҳамин ҳам дар бораи мурдан шеъри зиёде навиштааст. Баъзан ӯ дар пайравии ғазалҳои Ҳофиз, Соиб ва Мавлоно менавишт.
Албатта, буданд шахсони алоҳида, ки Лоиқ шеърҳои ошиқонаашонро ба онҳо бахшидааст. Аксарияташонро медонам, лекин Лоиқ дӯст намедошт, ки дар бораи онҳо ягон сухани баде гӯӣ, ман ҳам дигар парво надорам. Ба қавле ки худаш гуфтааст, "Парво накун азизи ман, ин дил барои туст". Вақте ки ман рашк мекардам, ҳиссиётамро рӯирост мегуфтам, баъд шӯхӣ карда мегуфт, ки "парво накун азизи ман, ин дил барои туст". Ин суханҳо баъдтар ба шеър табдил ёфтанд.
- Мутолиаи шеърҳои солҳои охири устод баёнгарии зиққии устод аз рӯзҳои мушкили миллати тоҷик - ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ин рӯҳия дар хонавода ҳам ҳис мешуд?
- Он фоҷиае, ки ба сари халқи мо омад, Лоиқро бисёр азоб медод. Вақте дар ахбор мегуфтанд, ки дар фалон деҳаҳо хӯрока намерасад, ё дар маҷаллаҳо менавиштанд, ки дар фалон деҳаҳо мардум аз кунҷорахӯриву алафхӯрӣ мемиранд, Лоиқ гиря мекард. Вақте мефаҳмид, ки занҳоро парронданд, кӯдакакҳоро азоб дода куштанд, ӯ нола мекард оби чашмаш шашқатор мерехтанд. Китоби охирони ӯ "Фарёди бефарёдрас" нолаҳои Лоиқ аст, таваллою зориҳои Лоиқ аст, ки ба ин нобасомонӣ анҷом бахшанд. Аз аввалин шоироне буданд, ки баъди истиқрори сулҳ онро васф карданд.
- Охирон орзуву васиятҳои Лоиқ кадомҳо буданд?
- Лоиқ орзуҳои зиёде дошт. Бисёр мехост, ки 60-солагии худашро гузаронад. Мегуфт, ки дар 60-солагиам варзишгоҳи "Фрунзе"-ро иҷора мегираму дар чор гӯшаи варзишгоҳ дег монда, дар радио эълон мекунам, ки мардум ба ошӯхрӣ оянд. Лоиқ мегуфт, ки ман фарзанди халқам. Дуюм орзуяш тӯҳфаи "Волга"-аш ба писарамон Диловар дар рӯзи зодрӯзаш буд. Аммо ин орзуаш ҳам ҷомаи амал напӯшид, ӯ 60-сола нашуда, 30 июн даргузашт. Аммо мо тамоми васиятҳошро иҷро кардем. Бисёр мехост "Куллиёт"-аш дар зиндагиаш чоп шавад. Аммо ӯ ба ин орзуҳояш ҳам нарасид.
- Дар охирин лаҳзаҳои умри устод Лоиқ Шералӣ киҳо дар сари болинашон буданд?
- Лоиқ аз сактаи мағзи сар, чӣ тавре мегӯяд, инсулт гузаштанд. Ҳамаи табибон дар болои сарашон буданд, вале илоҷе нашуд. Тамоми дӯстонашон дар беморхонаи "Қарияи боло" ҷамъ шуда буданд. Писархонашон Афзалшоҳ Шодиев буд. Се рӯзи аввал каму беш сухан мегуфтанд. Баъд дигар аз гап монданд. Қариб намедиданд. Аз овоз одамонро фарқ мекарданд.
Намедонам барои чӣ, Лоиқ чанде пеш аз маргашон аз Афзалшоҳ хоҳиш карданд, ки барояшон пива биёрад. Афзалшоҳ "мана, ман пива овардам" гуфту шаҳди шаҳтут дод. Лоиқ баъд як табассуми аҷибе карданду гуфтанд, ки "ту фикр кардӣ, ки ман нафаҳмида истодаам. О, ин шаҳтут- ку. Ту ба ман шаҳтут дода истодаӣ? Ман туя пива биёр гуфтам – пива биёр гуфтам на шаҳди шаҳтут"...
Мо чигуна метавонистем дар ин вақт пива диҳем? Афзалшоҳ гирякунон, аз ҳуҷра баромад...
Умуман тамоми ёру дӯстон шабу рӯз дар болои сарашон буданд. Лоиқ нӯҳ шабу нӯҳ рӯз дард кашиданд, табибон дар ин муддат лаҳзае ҳам аз сарашон намерафтанд. Баъзеашон хонаашон ҳам нарафтанд.
Раиси шаҳри вақтии Душанбе Маҳммадсаид Убайдуллоев ба хабаргирӣ меоамаданд. Боре омаданд, ки Лоиқ бисёр дар ҳолати вазнин қарор дошт, тоқат карда натавонистанд, гиря гулӯгирашон кард. Расонаҳо, шиносу ношиносҳо ҳама ҳоли устодро пурсон мешуданд...
- Сухани охирини устод Лоиқ Шералӣ чӣ буд?
- Лоиқ дасти маро сахт қапиду гуфт, ки "ман сахти сахт беморам. Занак, ин бемории ман бисёр вазнин аст. Ман гуфтам, ки "не, Шумо аз ҷоятон мехезед ва ман Шуморо ботантана хона мебарам. Аз ҳамин беморхона то дари хона пояндоз меандозам, хона меравем". Ҳа, гуфтанду табассуми дардноке намуда, хомӯш шуданд. Ба ҳамин дигар чизе нагуфтанд. Охирон суханаш ҳамин буд...
- Ба назари Шумо устод Лоиқ Шералиро чӣ гунае, ки бояд ёд шавад ҳамин гуна ёд карда мешавад?
- Шояд аз будаш зиёд ёд карда шавад. Мо дар муассисаи таҳсилоти умумии рақами 54 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе осорхонаи Лоиқ Шералиро бунёд кардем. Ҷашни Лоиқро аз ин мактаб оғоз мешавад. 20 - уми май ба сари манзилашон меравем. Ҳар сол он ҷо мардуми бисёре ҷамъ мешаванд. Ҳофизон, шоирон, мухлисон аз Эрону Афғонистон, умуман маҳфили бузурге ташкил мешавад, ки хело таъсирбахш мегузарад.
- Зимнан мехостам аз мухлисони эрониву афғонистониашон пурсам...
-Зиёд буданду ҳастанд. Вақти дар қайди ҳаёт буданашон боре дар ҷустуҷӯашон пирамарди эроние ба Тоҷикистон омада буд. Он вақт ҷавон будем. Он мард бовар накарда буд, ки ҳамин мард шоир Лоиқ аст. Ӯ сипас гуфт, ки "ман фикр кардам, Лоиқ бо он ҳама ашъори пурмӯҳтавояш, бояд марди солхӯрдае бошад".
Боре устод барои таҷлили солгарди Имом Ҳумайнӣ ҳамроҳи чанд нафар намояндагони Тоҷикистон бо тайёра ба Эрон рафтанд. Дар Эрон Лоиқ рафиқони зиёд доштанд, ки аз ҷумла шоиру нависандагон низ буданд. Вақте ки онҳо аз сафари шоир хабардор мешаванд, ба кофту коби Лоиқ шурӯъ мекунанд, аммо фурсати сӯҳбат намешавад. Онҳо аз рӯзи бозгашти Лоиқ хабардор шуда, дар фурудгоҳ Лоиқро "меқапанд" ва махсус ӯро ба гап гирифта, аз тайёра мемононанд. Ба ҳамин, шоир як моҳ дар Эрон монда, бо дӯстонаш кишварро тамошо карда буданд.
- Дар хона аз устод Лоиқ шеъре мондааст, ки ҳоло чоп нашуда бошад?
- Не. Шояд дар ҷое бошад, аммо дар хонаи худамон намондааст. Гоҳе ӯ дар меҳмонӣ ё дар хонаи дӯстонаш шеър навистааст вабо хоҳиши соҳибхона онро тақдим кардааст. Шояд ҳамонҳо аз чоп набаромада, монда бошанд. Чизе ки дар дасти мо буд, мо ҳамаро дар "Куллиёт" ҷой додем. Мехоҳем, ҳамон шеърҳои парешонро ҷамъоварӣ кунем.
- Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ, муаллима!
- Саломату маваффақ бошед!