Оғози чемпионати ҷаҳон бо иштироки 5 қаиқрони тоҷик

© Sputnik / Фируз УмарзодаШахриёр Даминов
Шахриёр Даминов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имрӯз, 21 август дар шаҳри Жегеди ҷумҳурии Маҷористон Чемпионати ҷаҳон дар риштаи қаиқронӣ оғоз гардида, то 25 август идома меёбад

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дар чемпионат варзишгарон имкон доранд роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оваранд.

Пловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем  - Sputnik Тоҷикистон
Шиноварони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд

“Дар ҳар қувваозмоӣ иштирокчиёне, ки то ҷои панҷумро ишғол мекунанд, ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ро пайдо менамоянд. Барои ин варзишгарони 101 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Жегед ҷамъ омадаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин ниҳод афзуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи қайиқронӣ дар ҳайати 5 нафар ба Чемпионати ҷаҳон сафарбар гардидаанд. Дар феҳрасти тими Тоҷикистон  Шаҳриёр Даминов - каноэ, Абдусаттор Ғафуров, Зоҳирҷон Набиев, Саидилҳомхон Назиров ва Нурмуҳаммади Тоҳир – ҳама дар риштаи байдарка зикр карда шуданд.

Ба иттилои Кумита, Шаҳриёр Даминов ва Зоҳирҷон Набиев аз 1 то 20 август дар Маҷористон ба тамрин машғул буданд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи шиноварӣ миёни наврасон Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, аз Тоҷикистон се шогирди навраси Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ – Садам Рамзиёрзода, Ардашер Гадоев ва Нурангез Нурматова бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар Аҳмадҷон Умаров рӯзи 18 август озими Маҷористон шуданд.

Лентаи хабарҳо
0