ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар чемпионат, ки имрӯз оғоз гардид, дар равияҳои шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, ҷаҳиш ба об, шинои ҳамзамон, шиноварӣ дар оби озод, ҷаҳиш ба об аз баландии 20 то 27 метр доир мегардад.
Манбаъ афзуд, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 2 ҳазору 623 нафар аз 194 давлати дунё иштирок мекунанд.
Аз Тоҷикистон 4 варзишгар – Олим Ишанов, Алиҷон Хайруллоев, Анастасия Тюрина ва Екатерина Бордачева ба Корея сафарбар гардиданд.
“Варзишгарони мо дар равияи шиноварӣ ба масофаҳои кӯтоҳ - 50, 100 метр бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Чингизов ширкат мекунанд. Мусобиқаи шиноварӣ 21-28 июл доир мегардад”, - омадааст дар Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, ки варзишгаронро қабл аз сафар, раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода қабул карда, дар ҷараёни суҳбат ба онҳо муваффақият таманно кард.
Рӯзҳои 12-20 июл варзишгарон дар равияи ҷаҳиш ба об ва шинои ҳамзамон, 13-19 июл дар равияи шиноварӣ дар оби озод, 14-27 июл дар равияи тӯббозӣ дар об, 22-24 июл дар ҷаҳиш ба об аз баландӣ миёни ҳам сабқат мекунанд.